#АсрорВохидов#варзиш#бокс#WBO#ХабарРақобати 8-уми шоми бокс дар ин мусобиқа набарди муштзани дигари тоҷик Асрор Воҳидов бо ҳарифаш аз Африқои ҷанубӣ Тато Бонокоане маҳсуб меёфт. Ин рақобати 9-уми муштзани Тоҷикистон дар бокси касбӣ маҳсуб меёфт. Варзишгарӣ африқоӣ дар бокси касбӣ 10 вохӯрӣ анҷом дода, дар 7 тоаш ғалаба ба даст овардааст. Аз дақиқаҳои аввали вохӯрӣ Асрор Воҳидов зарбаҳои сахту сангини хешро ба ҳадаф мерасонид ва бартарии комил дошт. Ёдовар мешавем, ки ин рақобат барои соҳибшудани камарбанди ташкилоти WBO Oriental маҳсуб меёфт ва варзишагри кишвари мо аз ибтидои набард барои дарёфти ин ҷойза муборизаро шадид оғоз кард.